Вакилони Маҷлиси намояндагон ба театр рафтанд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои маърифатию фарҳангӣ аз намоиши «Зол ва Рӯдоба»-и балети Шуҳрат Ашуров аз рӯи асари «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дидан намуданд.
Тавреки котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар анҷоми намоиши мазкур, «дар қасри Нимрӯз базми арӯсии Рӯдоба ва Зол баргузор мегардад. Ҳама аз пайванди ҷавонон шоданд. Сом тоҷро ба Зол бахшида, давлатдориро ба ӯ месупорад ва худ назди ҳамсари хушбахташ меравад. Зол дасти Рӯдобаро мегирад, нигоҳи онҳо ба ояндаи дурахшон аст…»
Занон дар «Шоҳнома» аз беҳтарин қахрамонони асар ҳисоб меёбанд, ки дар душвортарин лаҳзаҳои ҳаёт ҷасорат ва мардонагӣ зоҳир менамоянд.
Абулқосим Фирдавсӣ номвартарин шоир ва яке аз ситорагони дурахшандаи адабиёти тоҷику форс буда, аксари муҳаққиқон «Шоҳнома»-и ӯро беҳтарин ҳамосаи адабиёти ҷаҳонӣ номидаанд. Симои қаҳрамонони ҳамосаи миллӣ дар адабиёти ҷаҳон ва марҳилаи инкишофи таьрихии адабиёти миллӣ яке аз проблемахои хеле ҷиддии илми адабиётшиносӣ мебошад.
Симои зан-модар, махсусан мақоми он дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ хусусияти ба худ хос дорад. Яке аз сабабҳои интихоб намудани ин мавзӯъ он аст, ки дар ҷомеаи имрӯза масьалаи зан аз проблемаҳои асосӣ ба шумор рафта, он на танҳо диққати донишмандонро ба худ ҷалб кардааст, балки таваҷҷуҳи муассисаҳои бонуфузи давлатию ғайридавлатиро низ ба худ ҷалб намудааст. Мавзӯи мазкур марҳилаҳои пайдоиш ва инкишофи ҳамосаи миллиро аз лиҳози нақши қахрамонӣ дар робита ба образи занон-модарон дар бар мегирад.
Ҳамин аст, ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ мафҳуми зан-модар хеле густурдаву доманадор аст. Зан-модар асоси ҷомеа, тавлидкунандаи хаёли инсоният, сутуни ҳар хонадон ва чароғи кошонаи тамоми мардуми рӯи олам мебошад. Зан-модар чун қаҳрамони саҳнаи пайкору набардҳо ба осори адабии мардуми Машриқзамин ворид шуда, на танҳо дар сарнавишти ақвоми ориёӣ, ҳамчунин дар адабиёти мардумони бурунмарзӣ таъсири бузург расонидааст. Аз ин рӯ, қисми зиёди шоирону нависандагони русу олмон, итолиёиву фаронсавӣ ва қавму миллатҳои дигар персонажҳои адабиёти форсу тоҷикро чун намунаи беҳтарину барҷаста пазируфтаанд.