Нишасти матбуотии 10 феврал

10 феврал  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр», Ҷамъияти саҳомии кушодаи  «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба ҷамъбасти соли 2021 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Кумитаи рушди сайёҳӣ соати 08:30 дар Кумитаи мазкур (кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо, 3, собиқ бинои Сарраёсати хазинадории  марказии Вазорати молияи ҶТ) доир мешавад.

Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотиро соати 09:00 дар Маркази мазкур  (хиёбони Рӯдакӣ, 89) баргузор менамояд.

Агентии авиатсияи гражданӣ нишасти матбуотиро дар якҷоягӣ бо КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Тоҷик Эйр», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» соати 11:00 дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир менамояд.

Нишасти матбуотии  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ соати 14:00 дар маҷлисгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ доир мешавад

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душа

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE