Эълони Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ривоҷу равнақ додани фаъолияти гурўҳҳои ҳаҷвнигори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, пайдо намудани чеҳраҳои нави ҳаҷвнигор, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба ҳазлу мутоиба, мусоидат дар фароғату оромиши шаҳрвандон Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигоронро  таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» баргузор менамояд, Даври ниҳои он  30-31 март ва гулчини Фестивал 1 апрели соли 2022 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷўраев баргузор мешавад, хабар доданд аз  Вазорати фарҳанги мамлакат.

Тибқи иттилои манбаъ, фестивали мазкур дар се давр баргузор гардида, масъулини раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даври аввали онро моҳи январ дар сатҳи маҳал баргузор намуда, 4 дастаи ҳунарии беҳтаринро ба даври дуюм бо протоколи ҳайати ҳакамон пешниҳод мекунанд. Даври дуюм моҳҳои феврал-март дар маркази минтақаҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуда, аз ҳар минтақа 1 дастаи ҳунарӣ ба даври ниҳоӣ роҳхат мегирад. Фестивал аз рўйи 7 номинатсия бо назардошти вақти муайяни давомнокӣ баргузор мегардад: Интермедия (то 4 дақиқа); Аскиягўӣ (то 5 дақиқа); Тақлидкорӣ (то 3 дақиқа); Латифагўӣ (то 8 дақиқа); Суруди ҳаҷвӣ (то 5 дақиқа);  Монологи ҳаҷвӣ (то 4 дақиқа) ва Саҳначаи ҳаҷвӣ (то 7 дақиқа).

Мавзӯъҳо бояд масъалаҳои доғи рўз ва таълиму тарбияи насли наврасро фаро гирифта, ҳазлҳо набояд сабуку коста бошанд. Шумораи аъзои дастаи ҳунарӣ то 10 нафар мебошад. Масъулини дастаҳои ҳунарӣ бояд пеш аз оғози чорабинӣ барнома ва рўйхати иштирокчиёнро ба ҳайати ҳакамон пешниҳод намоянд. Баҳогузорӣ аз 5 то 10 хол аст. Ҳамаи даврҳои Фестивал тавассути шабакаҳои телевизионӣ сабт ва инъикос карда мешаванд.

Дар Фестивал аз рўйи номинатсияҳо чунин мақомҳои ифтихорӣ муқаррар карда шудааст:»Беҳтарин интермедия»; «Беҳтарин аския»; «Беҳтарин тақлидкорӣ»; «Беҳтарин латифа»; «Беҳтарин суруди ҳаҷвӣ»; «Беҳтарин монологи ҳаҷвӣ»; «Беҳтарин саҳначаи ҳаҷвӣ» ва «Иштироки фаъолона».

Ҳамаи иштирокчиён бо Дипломи Барандаи Фестивали ҷумҳуриявии телевизионии ҳаҷвнигорон таҳти унвони «Биё, бо ҳам бихандем!» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ мегарданд. Инчунин, аз ҷониби ҳамоҳангсозони Фестивал созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъол, кормандони васоити ахбори омма, муассисаву ташкилотҳо ва шахсони алоҳида тибқи дархост бо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипоснома сарфароз мегарданд.

Дастгирии иттилоотии фестивалро  АМИТ «Ховар», Телевизиони Тоҷикистон, муассисаҳои давлатии телевизионҳои «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Синамо», «Душанбе», «Шаҳнавоз», рўзномаҳои «Баҳори Аҷам», «Мароми пойтахт», маҷаллаҳои «Тоҷикистон», «Истиқбол», «Хорпуштак», инчунин телевизиону радио ва матбуоти даврии маҳаллӣ ба уҳда доранд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE