Гулистон: Тақдими туҳфаҳо ба 80 нафар ятими кул
9 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи «Темурмалик»-и шаҳри Гулистон дар тарабхонаи наву замонавӣ, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фарҳодҷон Шукуров бунёд гардидаааст, бо 80 нафар ятимони кулл, ки сокинони шаҳри Гулистон ва ноҳияи Ашт мебошанд, мулоқот намуданд.
Чун анъана Сарвари ятимпарвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари кориашон нахуст аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд.
Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба қишрҳои ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад. Давлату Ҳукумати Тоҷикистон сарпарастии ятимонро ба дӯши худ гирифтааст ва то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳодани онҳо барои таълиму тарбия ва ба камол расиданашон тамоми шароити заруриро муҳайё месозад.
Дар ҷавоб ба ин ғамхорӣ наврасону ҷавононро зарур аст, ки илм омӯзанд, донишҳои замони муосирро аз худ намуда, дар оянда ҳамчун фарзанди содиқи Ватан ба халқу давлат хизмати шоиста намоянд. Ба 80 нафар ятимони кулл туҳфаҳои молию пулии Сарвари давлат тақдим карда шуд.
Наврасону ҷавонон бо шукргузорӣ аз Ватани ободу пешрафта изҳор доштанд, ки ғамхориҳои падаронаи Президенти мамлакатро ҳамеша эҳсос мекунанд. Барои тарбия ва ба камол расиданашон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, дар оянда барои хизмат ба халқу ватан кӯшиш ба харҷ медиҳанд.