Душанбе – Пойтахти фарҳангии ИДМ – 2021
Шаҳри Душанбе дар соли 2021 Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва аз ҷониби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) — шаҳри сайёҳӣ эълон шудааст. Ширкати «Турстат» – и Россия Душанберо ба рӯйхати шаҳрҳои амнтарини ИДМ дохил намуд. Албатта бо ибтикору дастгириҳои Пешвои муаззами миллат, роҳнамоиҳои Раиси шаҳр ва бо заҳмату саҳмгузории пайвастаи сокинони шарафманди пойтахт имрӯз Душанбе на танҳо маркази маъмуриву сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакат, балки ба шаҳри воқеии сайёҳиву фароғат табдил ёфтааст.
Муҳаммад Худойназарзода, муовини сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе, дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, шаҳри Душанбе дар партави дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаву ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфои олам табдил ёфта, имрӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист ба сифати яке аз «шаҳрҳои сабз» ва сарсабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шудааст.
“Бо дар амал татбиқ намудани пешниҳоди навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати шинониду парвариши ҳарчи бештари дарахту буттаҳои ороишӣ, ки мантиқан идомаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳалли мушкилоти экологӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ мешавад, шаҳри Душанбе ояндаи наздик боз ҳам сарсабзу хуррам мегардад“, – гуфт Мухаммад Худойназарзода.
Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе аъзои Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ВО ОГМВ), узви Федератсияи Умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ (WTCF) буда, айни замон бо 18 шаҳрҳои Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико ва ИДМ (Санъо (Ҷумҳурии Яман); Лусака (Ҷумҳурии Замбия); Монастир (Ҷумҳурии Тунис); Лаҳор (Ҷумҳурии Исломии Покистон); Клагенфурт (Ҷумҳурии Австрия); Боулдер (Иёлоти Муттаҳидаи Амрико); Ройтлинген (Ҷумҳурии Федеративии Олмон); Мазори Шариф (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон); Теҳрон (Ҷумҳурии Исломии Эрон); Шероз (Ҷумҳурии Исломии Эрон); Санкт — Петербург (Федератсияи Россия); Минск (Ҷумҳурии Беларус); Урумчи (Ҷумҳурии Халқии Хитой); АНҚАРА (Ҷумҳурии Туркия); Сямэн (Ҷумҳурии Халқии Хитой), Ашқобод (Туркманистон); Хайнан (Ҷумҳурии Халқии Хитой) ва Чиндао (Ҷумҳурии Халқии Хитой) муносибатҳои дўстона ва бародарона барқарор намудааст.
Ҳамзамон, бо шаҳрҳои Москваи Федератсияи Россия ва Тошканди Ҷумҳурии Ўзбекистон дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ҳамкорӣ менамояд. Дар оянда низ бо истифода аз мактаби созандагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти роҳнамоиҳои Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо аҳли ҷомеа ва масъулин баҳри таъмини сиёсати давлатии сайёҳӣ тадбирҳои зарурӣ дар пойтахт амалӣ мегарданд.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”