Ҷамъбасти Фестивал «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» (СУРАТГУЗОРИШ)
Имрӯз дар толори “Кохи Суруш” маросими ҷоизасупории 2-юмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!” доир гардид, ки дар он муовинони Раиси шаҳри Душанбе Умед Гуреззода, Одилзода Дилбар ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло ва роҳбарону намояндагони ниҳодҳои шаҳрӣ иштирок намуданд.
Қайд бояд кард, ки 2-юмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!” дар асоси Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ва иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 16 феврали соли 2022, №67 “Дар бораи таҷлили ҷашни 29 солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор карда шуд.
Мақсад аз ташкил ва баргузор намудани Фестивали мазкур самараноку мақсаднок истифода намудани инфрасохтори соҳаи варзиш, ҷалби афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба варзиш ва таҳкими тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани рӯҳияи афсарону сарбозон дар роҳи содиқона хизмат кардан ба Ватан, ҷалби ҷавонони синни даъватию то даъватӣ ба ватандӯстию хештаншиносӣ, шиносоӣ пайдо намудан аз шароити хизмати афсарону сарбозон, ҷалби ихтиёрии онҳо ба хизмати ҳарбӣ, хосатан пешгирии наврасону ҷавонон аз амалҳои номатлуби иҷтимоӣ ва ҳушёрию зиракии сиёсии онҳо мебошад.
Тазаккур бояд дод, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои 2-юмин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ, таҳти унвони “Барои миллату давлатам содиқона хизмат мекунам!” миёни афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ аз рӯйи намудҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гӯштини миллӣ ва варзиши сабук мусобиқа гузаронида шуда, ғолибот дар маросими ҷоизасупори қадрдони карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар фестивали мазкур зиёда аз 7000 афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ ҷалб карда шуданд. Дар охир баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангии саршор аз тараннуми ватандустиву меҳанпарастӣ тайқдим гардид.