Баррасии муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

Имрӯз, 1 март вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Тери Хакала баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Дар вохӯрӣ мавзӯоти муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла вазъ дар минтақа ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.

Ҷонибҳо таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бо таҳдидҳо ва хатарҳоро дар сархати аввали робитаҳои дуҷониба гузоштанд. Аз ҳамкории пурсамар дар самтҳои калидии сиёсати байналмилалӣ, минтақавӣ, муколамаи мунтазами сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва ҳамкорӣ дар бахши таъмини амният изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо дар ҷанбаи сиёсӣ аз ҳамкории бомуваффақияти сохторҳои байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ёдовар шуданд.

Таъкид шуд, ки робитаҳо дар доираи Муколамаи сатҳи олӣ оид ба масъалаҳои сиёсат ва амният, инчунин вохӯрии қарибулвуқӯи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе метавонад ба таҳкими ҳамкории ҷонибҳо такони нав бахшад. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои рушду густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда шуд.

Зимни мулоқот ба татбиқи барномаҳо дар доираи ҳамкории васеи минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин ба рушди робитаҳо дар соҳаи амният изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Ҷонибҳо зимни баррасии масоили амниятӣ ба таҳкими амнияту субот дар кишвари мо, тамоми қаламрави Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавӣ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ба хотири таъмини амният дар минтақа таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Тери Ҳакала нақши боризи ҷониби Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масъалаҳои вобаста ба об ва рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ташаккули “иқтисоди сабз” баланд арзёбӣ карда, барои минбаъд низ дастгирӣ намудани ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE