Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» 1323 нафар довталабон иштирок мекунанд
Дар ҷумҳурӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид, ки аз 3374 нафар довталабон 1323 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Таҳлили ҷамъбасти даври якум нишон медиҳад, ки иштироки довталабон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 383 нафар зиёд мебошад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2022 оид ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ба муносибати ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали озмун тибқи нақша аз 10 май то 14 июни соли равон дар ноҳияҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Дар ин давра гурӯҳи кории вазорат ҷиҳати ҳамоҳангсозии баргузории даври якум, роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ, расонидани кумаки амалӣ ва шарҳу тавзеҳи талаботи озмун, инчунин инъикосу тарғиби васеи чорабинӣ тавассути воситаҳои ахбори омма дар ҳамкорӣ бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон корҳои мушаххасро амалӣ кард.
Ҷамъбасти даври якуми озмун дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба тариқи зайл сурат гирифт:
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 344 нафар довталабон иштирок намуданд, ки 168 нафар (55 нафар аз 18 то 40-сола ва 113 нафар аз 12 то 17-сола ) ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд;
Дар вилояти Хатлон 913 нафар довталабон иштирок намуда, 497 нафар (298 нафар аз 12 то 17-сола, 199 нафар аз 18 то 40-сола) ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.
Аз вилояти Суғд дар озмун 634 нафар довталабон иштирок намуданд, ки 185 нафар (81 нафар аз 18 то 40-сола ва 96 нафар аз 12 то 17-сола) сазовори роҳхат ба даври дуюми озмун шуданд.
Дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе 630 нафар довталабон иштирок намуданд, ки ба даври дуюми озмун 228 нафар (129 нафар аз 18 то 40-сола ва 99 нафар аз 12 то 17-сола) роҳхат гирифтанд;
Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 853 нафар довталабон иштирок намуда, 245 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд, ки аз ин теъдод 136 нафар аз 12 то 17-сола мебошанд.
Тавре дар Низомномаи озмун омадаст, озмуни мазкур дар се давр гузаронида мешавад:
— даври якум — моҳҳои май-июни соли 2022 дар маркази шаҳру ноҳияҳо;
— даври дуюм — моҳи июл – нимаи аввали моҳи августи соли 2022 дар марказҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Рашт;
— даври сеюм — то 1 ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо супоридани ҷоизаву дипломҳо ҷамъбаст мешавад».
Бояд гуфт, ки дар озмун се Шоҳҷоиза аз рӯи се номина муайн гардидааст, ки маблағи ҳар яки он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар даври аввали озмун 2991 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 1317 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 1317 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 311 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 152 нафар сароянда, 121 тан навозанда ва 38 нафар оҳангсоз мебошанд.
Тибқи тақсимоти синусолӣ, ки дар Низомнома муқаррар гардидааст, дар даври сеюм 120 нафар довталаби аз 12 то 17-сола ва 191 нафар довталаби аз 18 то 40-сола иштирок намуданд.