Маросими қуръакашии тақвими Чемпионати Тоҷикистон-2024 баргузор мешавад

7 март дар Душанбе маросими қуръакашии тақвими бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар Чемпионати 33-юми Тоҷикистон 12 бошгоҳ – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Эсхата», «Хуҷанд» (ҳарду аз Хуҷанд), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Вахш» (Бохтар), «Куктош» (Рӯдакӣ), «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ), «Истаравшан» (Истаравшан) ва «Барқчӣ» (Ҳисор) иштирок менамоянд.

Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон дар ду давр баргузор мешавад, ки ҳар даста дар майдон ва дар меҳмонӣ бо ҳам бозӣ менамоянд. Умуман, дар мавсим ҳар тим 22 вохӯригӣ мегузаронад. Дастае, ки дар Лигаи олӣ дар мавсими соли 2024 мақоми охиринро ишғол менамояд, ба Лигаи якум меравад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2024 бозиҳои гузаришӣ анҷом медиҳад.

Чемпионати 33-юми Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 6 апрел оғоз мешавад.

Иштироккунандагони Чемпионати Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ:

«Истиқлол» (Душанбе)

«Равшан» (Кӯлоб)

«Эсхата» (Хуҷанд)

«Куктош» (Рӯдакӣ)

КМВА (Душанбе)

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

«Ҳосилот» (Фархор)

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

«Вахш» (Бохтар)

«Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ)

«Истаравшан» (Истаравшан)

«Барқчӣ» (Ҳисор)

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE