Оғози сафари кории Роҳбари давлат дар шаҳри Ваҳдат

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Пешвои миллатро сокинони шарафманду меҳнатқарини шаҳр гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Нахуст, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бинои истиқоматии 10-ошёнаро, ки бо тарҳи зебову муосир бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Бинои муҳташами истиқоматӣ, ки аз 54 ҳуҷраи барҳаво иборат аст, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Абдусамад Нарзиқулов бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи якуми бинои хуштарҳу замонавӣ коргоҳи дӯзандагӣ, нуқтаи фурӯши армуғон, матоъҳои миллӣ ва намунаҳо аз ҳунарҳои мардумӣ мавҷуд буда, мағозаи хурокворӣ низ ҷойгир мебошад.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ занону бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Техникаю таҷҳизоти коргоҳ истеҳсоли ширкатҳои кишварҳои пешрафтаи дунё буда, барои духти босифати сару либоси гуногун пешбинӣ шудааст.

Бо бунёд гардидани сехи дӯзандагӣ, гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ ва маркази савдою хизматрасонӣ  дар маркази шаҳри  Ваҳдат  зиёда аз 30 ҷойи кори доимӣ таъсис ёфта, сокинон бо маоши хуб таъмин гардиданд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи декабри соли 2018 бо ҷалби зиёда аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонии истеҳсоли ватанӣ оғоз гардида, дар муддати ду сол ба анҷом расидааст.

Гирду атрофи иншоот дар масоҳати 750 метри мураббаъ сафолакпуш карда шудааст. Дар шафати бинои истиқоматӣ майдончаи бозии кӯдакона сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватанӣ барои ташкили коргоҳҳо ва таъсиси ҷойҳои нав корӣ изҳори сипос карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE