Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар рафти суҳбати телефонӣ Пешвои миллат ва Президенти Ӯзбекистони дӯст муколамаашонро ҷиҳати баррасии масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ идома доданд.

Дар ин замина ба рӯйдодҳои рӯзҳои охир дар Қирғизистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.

Дар ин зимн ҷонибҳо аҳаммияти бо роҳи музокирот ҳарчӣ зудтар ҳаллу фасл намудани вазъияти бӯҳронии дар ин кишвари ҳамсоя баамаломадаро таъкид карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE