Истаравшан мизбони Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ мегардад

Интизор меравад, ки дар Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ, ки  таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи  саноат» 2 апрели соли равон дар шаҳри Истаравшан доир мегардад, беш аз 150 нафар  намояндагони ширкату корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ, бонкҳо, вазорату идораҳо ва шарикони рушд иштирок хоҳанд кард. Дар ин хусус аз  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Форуми минтақавӣ бо ташаббуси  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор мегардад.

Ҳадафи  Форуми минтақавӣ вусъати ҳамкорӣ байни соҳибкорони минтақаҳои гуногуни мамлакат, рушди фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, ҷустуҷӯи имконияти рушди соҳибкории муосир ва стартапҳо, муаррифии имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби бештари сармояи бахши хусусии ватанӣ барои татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, пешниҳоди роҳҳо ва усулҳои такмили сиёсати давлатӣ дар самти сармоягузориву соҳибкорӣ мебошад.

Форуми минтақавии соҳибкорони ватанӣ  таҳти унвони «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи  саноат»  дар шаҳри Истаравшан дар ҳоле баргузор мегардад, ки  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2022-2026 дар мамлакат «Солҳои рушди саноат» эълон гардидааст, инчунин саноатикунонии мамлакат ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  маҳсуб мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE