Душанбе: Маркази кӯдакону наврасон базми наврӯзӣ оростанд

Имрӯз дар «Боғи кӯдакон»-и пойтахт бо ибтикори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» ва  Муассисаи байнидавлатии садо ва симои «Мир» ба муносибати Иди байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ин маъракаи наврӯзӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, корпусҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии   муқими Тоҷикистон ва меҳмонону сокинони пойтахт  иштирок намуданд.

Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ҳозиринро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахусус аз номи  Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати қудуми гулфишони Наврӯзи бостонӣ ва ҷаҳонӣ муборакбод гуфта, зикр кард, ки ин ҷашни  аҷдодии мо  таърихи зиёда аз  шаш ҳазорсола дорад.

«Наврӯзе, ки тавассути сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё шуд. Дубора дар кишвари Наврӯз суннатҳо ва арзишҳои наврӯзӣ зинда мешаванд ва мардуми ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари Наврӯз ва Ватани Наврӯз мешиносанд. Байналмилалӣ гардидани Наврӯз шаҳодати он аст, ки ин ҷашн барои тамоми сокинони сайёра ҷашни муқаддас аст», — афзуд Дилбар Одилзода.

Дар  ҷамъомади идона зикр гардид, ки мақоми байналмилалиро соҳиб шудани  Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд.

Сипас базми наврӯзӣ бо садои руҳбахши сурнаю карнай ва дафнавозии таълимгирандагони маҳфилҳои асбобҳои зарбию нафасии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе» идома ёфт.

Кӯдакону наврасон бо ба бар намудани либосҳои идонаи баҳорӣ ба ҷашн ҷилои тоза бахшиданд. Дастархони оростаи иштирокчиёни ин базми идона, ки бо риояи суннатҳои Наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва таомҳои миллӣ зиннат дода шуда буд, як гӯшаи базмгоҳро шукӯҳи тоза мебахшид. Иштирокчиёни базм ҳамчунин  аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба тамошо гузошта шуда буданд, дидан карданд.

Сипас дар саҳни Муассисаи мазкур намоиши театрӣ, ки аз тарафи таълимгирандагон ташкил карда шуда буд, оғоз гардид.  Рақсу таронаҳои тараннумкунандаи фасли баҳору Наврӯз  ба маъракаи  наврӯзӣ  шукӯҳи хосса бахшиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE