Имзои қонунҳо аз ҷониби Пешвои миллат
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Кодекси манзил, қонунҳо «Дар бораи захираҳои генетикӣ», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумрук аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Кодекси нави манзил асосҳои соҳиб шудан ба манзил, истифодабарии он, хизматрасониҳои коммуналӣ, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии давлатии фонди манзилро танзим намуда, ба рушди соҳа нигаронида шудааст.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи захираҳои генетикӣ», «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ» ба рушди соҳаҳои номбурда мусоидат намуда, ба ҳифзи растаниҳо, ҳайвонот ва микроорганизмҳо, дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатӣ равона гардидаанд.
Қонунҳои қабулгардида ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, савдои хориҷӣ, беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.