Ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварӣ ва меҳмонхонаи ҶДММ “Баҳор” дар деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат

Дар мавзеи Олучадараи деҳоти Ромит Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳавзҳои моҳипарварӣ ва як меҳмонхонаро дар ин мавзеи дилфиреб ифтитоҳ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳавзҳои моҳипарварӣ аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ дар масоҳати 13 гектар ташкил гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ аз моҳи январи соли 2018 оғоз гардида буд.

Аз соли 2019 инҷониб дар ин мавзеъ дар 21 ҳавзи моҳипарварӣ, ки масоҳаташон аз 60 то 160 метри мураббаъ мебошанд, моҳиҳои гулмоҳии навъҳои рангоранг (радужний), дарёгӣ (речной) ва тиллоранг (янтарний)  парвариш карда мешаванд.

Барои дар оянда васеъ кардани фаъолияти моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи Деҳоти Ромит сохтмони ҳавзҳои нав идома дорад. Соҳибкор ният дорад бо дастгирии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат дар доираи “Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ” бозорҳои пойтахтро бо ин навъи маҳсулот таъмин карда, оянда барои содирот ҳам моҳӣ истеҳсол намояд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли 2020 дар ҳавзҳои мазкур 30 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шуда, соли 2021 бошад, дар нақша аст, ки беш аз 60 тонна моҳӣ парвариш ва ба фурӯш бароварда шавад.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” -и ноҳияи  Ҷалолиддини Балхӣ, ки роҳбариашро соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов ба уҳда дорад, бо Ширкати “Алераква”-и Ҷумҳурии Полша ҷиҳати дастрас намудани хӯрокаи моҳӣ шартномаи ҳамкорӣ бастаанд.

Дар вақти сохтмони маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатии “Баҳор” зиёда аз 100 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин буданд. Акнун баъди ифтитоҳи маҷмааи моҳипарварӣ ва истироҳатӣ 50 нафар ба кор ҷалб шуданд.

Ҳамаи масолеҳи сохтмонӣ ватанӣ буда, барои ободу зебо кардани як минтақаи вайрону валангор ва ноободи соҳили дарёча истифода гардидааст.

Дар даромадгоҳи ҳамин мавзеъ аз тарафи соҳибкор як иншооти сеошёна дорои сардхона барои 100 тонна маҳсулот, ошхона ва меҳмонхона бунёд карда шудааст.

Дар даромадгоҳи маҷмааи моҳипарварию истироҳатӣ ба Сарвари давлат лоиҳаҳои иншооти мазкур ва дурнамои кори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” муаррифӣ гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон соҳибкори ватанӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 16 синфхонаи иловагӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 800 нафар хонандаро бунёд карда истодааст.

Баъди ифтитоҳи ҳавзҳои моҳипарварӣ дар мавзеи Олучадараи Деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои меҳмонхонаи навро мавриди истифода қарор доданд.

Бино аз ду ошёна ва 50 ҷойи қабули меҳмонон иборат буда, бо ҳамаи шароитҳои зарурӣ таъмин мебошад.

Меҳмонхона аз ҳисоби даромади софи ширкат дар ин мавзеи дилфиреб бунёд шуда, дар он барои ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми роҳбарону коргарони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Баҳор” барои обод кардани як гӯшаи диёр ва мусоидат ба рушди соҳаи моҳипарварӣ, сайёҳӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои корӣ изҳори сипос карданд.

Соҳибкори ватанӣ Саидмуҳриддин Сайфов уҳдадор шуд, ки оянда бо бунёди ҳавзҳои дигари моҳипарварӣ ва ташкили инфрасохтори сайёҳӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE