«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Аз 12 то 14 сентябр дар пойтахт мусобиқаи варзишӣ оид ба гандбол доир мешавад

 Бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишӣ оид ба гандбол байни писарон ва духтарон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Иттилоъ дода шуд, ки мусобиқаи мазкур аз 12 то 14 сентябр идома ёфта, дар он 10 даста, аз ҷумла 5 дастаи духтарон ва 5 дастаи писарон байни ҳам маҳорат ва малакаи варзишӣ месанҷанд.

Дар маросими оғози мусобиқа вобаста ба рушди соҳаи варзиш дар пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон, алалхусус духтарон ба намуди варзиши гандбол, инчунин самараноку мақсаднок истифода намудани иншооти варзишии пойтахт сухан гуфта шуд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE