Тоҷикистону Узбекистон тартиби сафарҳои дуҷонибаро сода менамоянд

Тоҷикистон ва Узбекистон нақша доранд тартиби сабти номи муваққатӣ барои шаҳрвандони худро сода гардонанд, хабар доданд дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вакилони Парлумони Тоҷикистон аллакай протоколи ворид кардани тағйироту илова ба Созишнома бо ҳукумати Узбекистонро баррасӣ намуданд. Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 10 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар Палатаи поёнӣ зикр намуданд, ки бо дарназардошти он ки солҳои охир шумораи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ҷумҳурии Узбекистон сафар менамоянд, афзоиш ёфтааст ва бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ онҳо баъзан ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ мешаванд, аз ин лиҳоз Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018 ба имзо расида, тибқи он ба бандҳои 3 ва 4 илова ворид карда шуд.

Тибқи ин бандҳо, шаҳрвандони давлати яке аз тарафҳо, ки ба қаламрави давлати ҷониби дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати тарафи иқомат ба муҳлати  10 (даҳ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати ҷониби қабулкунанда озод мешаванд.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки мақомоти Узбекистон аз 16 март маҳдудияти убури марз бо Тоҷикистон ва Қазоқистонро, ки моҳи январи соли 2022 бо далели паҳн шудани штамми нави коронавируси омикрон ҷорӣ шуда буд, аз миён бардоштаанд.

Корҳо дар ин самтро ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ оғоз мекунанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE