Низомиддин Сафаров «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» гардид

Донишҷӯи факултети идоракунии давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Сафаров сазовори дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» гардид.

Низомидддин Сафаров дар лоиҳаи «IV нашриёти байналмилалии китоби «Беҳтарин донишҷӯ», ки миёни  муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида ба 30-солагии Иттиҳод амалӣ шуд, иштирок намуда, бо дипломи дараҷаи I ва медали сарисинагии «Беҳтарин донишҷӯи ИДМ» сарфароз гардид.

Озмуни мазкур аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон» ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии Бобек» миёни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.

Ёдрас мешавем, ки аввали соли равон омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Имомназарова низ дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» бо дипломи дараҷаи III ва медали сарисинагии «Беҳтарин педагог-2021» сарфароз гардида буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE