Боздиди Усмонзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе сохташаванда

2 апрел муовини Сарвазири мамлакат Усмоналӣ Усмонзода бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии аз ҷониби Федератсияи Русия дар шаҳри Душанбе сохташаванда шинос шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зикр шуд, ки сохтмони муассисаи мазкур барои 1224 ҷойи нишаст дар як баст идома дошта, дар доираи амалигардонии Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода таҳсилашон бо забони русӣ ба роҳ монда мешавад.

Зимни боздид муовини Сарвазири Тоҷикистон ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳ намуда, бо масъулин ва сохтмончиёни иншооти мазкур суҳбат анҷом дод.

Дар иншоот корҳои сохтмонӣ бомаром идома дошта, тибқи нақшаи пешакӣ, муассисаи таълимӣ соли равон мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ҳамчунин муовини Сарвазири мамлакат ба масъулин ва сохтмончиён ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраршуда анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE