Барқарории парвозҳои мунтазам дар масири Душанбе — Ню-Деҳлӣ — Душанбе
Шурӯъ аз 9 апрел ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро дар масири Душанбе-Ню-Деҳлӣ-Душанбе оғоз менамояд. Дар ин бора ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» иттилоъ медиҳад.
Парвозҳо ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе — соати 21:30, аз Ню-Деҳлӣ — 02:00 ба вақти маҳаллӣ муқаррар шудааст. Мусофирони пурра ваксинатсияшуда ҳангоми бақайдгирии чипта метавонанд танҳо сертификати ваксинатсияи пурраро бо забони англисӣ пешниҳод намоянд.
Нафароне, ки қисман аз ваксинатсия гузаштаанд ва ё умуман ваксинаи зидди коронавирус нагирифтаанд, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ, ки давоми 72 соат пеш аз расидан ба фурудгоҳи Ню-Деҳлӣ дода шудааст, пешниҳод кунанд. Илова бар ин, мусофирони ба Ню-Деҳлӣ сафардошта бояд худро дар сомонаи Air Suvidha https://www.newdelhiairport.in/airsuvidha/apho-registration сабти ном кунанд.
Мусофирони ба қаламрави Тоҷикистон воридшаванда бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфӣ, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
Маълумоти бештар ва чиптаи хатсайри мазкурро аз сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву фурӯши чиптаи ширкати ҳавопаймоӣ дастрас кардан мумкин аст.