ЮНЕСКО иддао дорад, ки ба далели гаҷетҳо, донишҷӯён дар дарс парешон мешаванд

Дар гузориши охири худ ташкилоти кудакони СММ – ЮНЕСКО аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, то дар қатъи истифодаи телефонҳои мобилӣ ва дигар дастагоҳҳои технологӣ ҳангоми дарс дар мактабҳо қадамҳои устувор гузоранд. Коршиносони ин ниҳоди байналмиллалӣ муайян намудаанд, ки истифодаи смартфону планшетҳо барои насли наврас ва ҷавон ҳангоми таълиму тадрис хотири онҳоро парешон ва малакаи донишазхудкуниашонро коҳиш медиҳад. Бо назардошти ин ЮНЕСКО аз роҳбарияти давлатҳо хостааст, то истифодаи онро дар макотиби саросари ҷаҳон манъ намоянд.

Хазинаи кудакони СММ  иддао дорад, ки ба далели гаҷетҳо, донишҷӯён дар дарс парешон мешаванд ва ин боиси коҳиши муваффақияти таълимии онщо мегардад. ЮНЕСКО дар гузориши нави худ аз истифодаи аз ҳад зиёди дастгоҳҳои технологӣ,  смартфонҳо  ва компютерҳо ҳушдор додааст. Коршиносони ташкилот муътақиданд, ки технологияи нав аз ҷумла телефони мобилӣ ва планшетҳо бояд бо меъёр, танҳо ба ҳадафашон истифода шаванд ва омӯзгори соҳибихтисос бояд ба ин раванд роҳбарӣ кунад. “Инқилоби рақамӣ дорои потенсиали беандоза аст. Ва имрӯз даъватҳо мешаванд, ки он бояд дар ҷомеа танзим карда шавад. Ба ҳамин монанд, шумо бояд бодиққат бошед, ки технологияҳои он дар соҳаи маориф чӣ гуна истифода мешаванд”, изҳор доштааст директори генералии ЮНЕСКО Одри Азуле . Ба гуфтаи ин масъули СММ, истифодаи онҳо бояд ба беҳтар шудани сифати таълим ва ба манфиати донишҷӯёну омӯзгорон нигаронида шавад, на ба зарари онҳо. Муаллифони гузориш эътироф мекунанд, ки технологияҳои нав метавонанд дар раванди таълим барои аз худ кардани малакаҳои муайян ва ба даст овардани дониш дар соҳаҳои мушаххаси илмӣ муфид бошанд. Аммо мактабҳо бояд ин соҳаро танзим кунанд, то аз таъсири зараровар ба кӯдакон пешгирӣ кунанд. Ба гуфтаи ЮНЕСКО, ҳатто танҳо дар назди дастгоҳи мобилӣ будан донишҷӯёнро парешон мекунад. Қайд мешавад, ки дар ҳар чорумин кишвари ҷаҳон смартфонҳо дар мактабҳо мамнӯъ мебошанд.  Ба ин рӯйхат Фаронса, ки ин тадбирро дар соли 2018 ҷорӣ карда буд ва Италия шомилан, ки муаллимон дар оғози рӯз смартфонҳои донишҷӯёнро ҷамъ мекунанд. Финландия ва Ҳолланд соли 2024 ба онҳо ҳамроҳ мешаванд.ЮНЕСКО тавсия медиҳад, ки дар саросари ҷаҳон истифодаи смартфонҳо дар синфхона манъ карда шавад.ЮНЕСКО аз рисолаҳо дар бораи таъсири мусбати технология дар мактабҳо ҳазар мекунад, зеро далелҳо ба манфиати он асосан аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон, ба мисли Британияи Кабир ва ё аз ” онҳое, ки кӯшиши фурӯши онҳоро доранд” бармеоянд. Оҷонсии СММ бар ин назар аст, ки маориф набояд ба технология такя кунад, балки ба муошират бо одамон такя кунад. Дар тӯли 20 соли охир дар бисёре аз синфхонаҳо коғазро экранҳо иваз карданд, донишҷӯён на энсиклопедияҳои бисёрҷилда, балки Википедияи электрониро варақ мезананд, ки дар соли 2021 дар як рӯз 244 миллион саҳифа тамошо кардаанд. Гузашта аз ин, пандемия “инқилоби технологӣ” -ро дар мактабҳо суръат бахшид: миллионҳо донишҷӯён ба омӯзиши онлайн гузаштанд. Тибқи маълумоти ЮНЕСКО, дар соли 2022 тақрибан 50% мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии ҷаҳон бо ҳадафҳои педагогӣ ба интернет пайваст шудаанд. Таваҷҷуҳи аз ҳад зиёд ба технология дар соҳаи маориф хароҷот дорад. Маблағе, ки барои он сарф мешавад, бояд барои муҷаҳҳаз сохтани синфхонаҳо, маоши муаллимон ва китобҳои дарсӣ барои кӯдаконе, ки ба онҳо дастрасӣ надоранд, истифода шавад, то онҳо низ дар сатҳи миёна таҳсил кунанд. Илова бар ин, коршиносон таъкид мекунанд, ки бартариҳои фанноварӣ дар таълим нобаробар тақсим шуда, кӯдакони хонаводаҳои камбизоат маъмулан аз имкони истифодаи он маҳруманд.

Мижгонаи Насриддин,

 Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE