Омодагии муассисаҳои зертобеии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ба зимистон

Бо  мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» Дар робита ба ин, муассисаҳои зертобеии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 як қатор корҳоро анҷом додаанд.

Роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати  дар сатҳи баланд гузаронидани  мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, риояи техникаи бехатарӣ аз сӯхтор тадбирҳои зарурӣ андешида, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, иҷрои нақшаи захираи ангишт, ҳезум, сузишворӣ ва маводи хӯроквориро дар муассисаҳо таъмин намоянд.

Қайд бояд кард, ки новобаста аз пешбинии маблағҳои ба ин мақсад ҷудогардида, дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ҳолати 2 октябри соли ҷорӣ иҷроиши нақшаи захираи ангиштсанг, ҳезум, сӯзишворӣ, картошка, пиёз, равған, дигар намуди маҳсулотҳо, маводҳои гармидиҳӣ оғоз гардида, фаъолият дар ин самт таҳти назорати доимӣ қарор дорад.

Айни замон дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маводи сузишворӣ, аз ҷумла 547,08 тонна ангишт (82,57 %), 435 м.куби ҳезум (96,71%) ва барои генераторҳои барқидиҳанда 3311 литр сӯзишворӣ захира карда шуда (70,42 %), бақияи ин сӯзишвориҳо низ мавҷуд буданд (ҳезум 189,00 м.куби ва 300 литр сӯзишворӣ).

Дар ин давра дар муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 20,65 тонна картошка (43, 14 %), пиёз 14,95 тонна (84,42 %), сабзӣ 8,82 тонна (54,71 %), орд 36,85 тонна (56%), 2770 литр равған (67,65%) захира карда шудааст. Ҳамзамон, аз маҳсулотҳои хоҷагиҳои ёрирасон дар маҷмӯъ-12222 банка ё 102,14 фоизи нақша консерваҳою шарбатҳо захира карда шудааст.

                                                       Фирӯз Каримзода

                                            Садои Душанбе

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE