Аз таҳсил ба таътил
Пас аз чанд рӯзи дигар дар саросари кишвар таҳсил дар макотиби миёнаи умумӣ ба охир мерасаду хонандагон ба таътили тобистона мебароянд. Яъне, онҳо то се моҳи дигар аз мактабу таълиму тадрис дур шуда, ба истироҳат фарогир мешаванд. Ҳар сол, баъд аз хатми соли хониш, барои хонандагони мактабҳои миёна таътили тобистона оғоз меёбад.
Албатта, ҳар кас мехоҳад ба лагеру истироҳатгоҳи дӯстдоштааш рафта, фароғат кунад. Ба ин хотир лагеру истироҳатгоҳҳо аз нимаи дуввуми моҳи июн дарҳои худро боз хоханд намуд. Имсол ба истироҳати тобистона дар шахри Душанбе чӣ қадар кӯдакону наврасон фаро гирифта мешаванд ва идораҳои дахлдору шахсони масъул дар ин самт чӣ тадбирҳо андешидаанд. Вобаста ба ин, Асомуддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои тахсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки мувофиқи қарори махсуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 9752 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии пойтахт тобистони соли 2021 дар 4 истироҳатгоҳи берунишаҳрӣ ва 36 майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимӣ ба таври ройгон ба истроҳати тобистона фаро гирифта мешаванд.
Вазифаи асосии истироҳатгоҳҳо, аз ҷумла мураббиён, фароҳам овардани фазои дӯстиву ягонагӣ ва дар рӯҳияи ваҳдати миллӣ тарбият додани насли наврас аст. Мутобиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони ташкилотҳои марбутаи шаҳрӣ ба оғози корҳои омодагӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи беруназшаҳрии кӯдакон уҳдадор шудаанд, ки лагеру истироҳатгоҳҳои «Зимчуруд», «Гулхан», «Шарора» ва «Орзу», ки дар тавозуни идораи маорифи шаҳри Душанбе қарор доранд, метавонанд дар ду баст ба толибилмон шароити фароғатро муҳайё намоянд.
Мувофиқи маълумоти Асомуддин Бобозода, шароит дар ҳама лагерҳо ба таври лозима ба роҳ монда хохад шуд. Яъне, вақте кӯдакро барои истироҳат меоранд, бояд фароғаташро хуб гузаронад, вале ҳанӯз он талаботе, ки онҳо пеш мегузоранд, мо ба дардашон расида наметавонем, зеро он истироҳатгоҳҳо ва интернатҳое, ки дар Тоҷикистон ташкил мешавад, аксаран бо маблағи кам, яъне панҷ- ҳашт сомонӣ ба кӯдакон хӯрок медиҳанд, ҳол он ки мувофиқи талаботи Донишкадаи ғизо кӯдак бояд дар як рӯз ба маблағи аз 18 то 20 сомонӣ хӯрок истеъмол намояд.
Масалан, дар лагери «Чайка», ки дар яке аз зеботарин гӯшаҳои Тоҷикистон – дараи Варзоб ҷойгир аст, кушодашавии лагери «Чайка» ба миёнаҳои моҳи июн рост меояд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани таътили тобистона мураббиён ғайр аз машғулиятҳои варзишӣ, инчунин чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» доир намуда, хотири бачаҳоро болида месозанд. Сарфи назар аз ҳама мушкилоти ҷойдошта, мураббиён ва мутасаддиёни лагеру истироҳатгоҳҳои зертобеи мо тавре кор мекунанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона қаноатмандона истироҳат карда, бо як ҷаҳон таассурот назди волидонашон баргарданд.
Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ҷиҳати ъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдакон пайваста талош меварзад. Конститутсияи ҷумҳурӣ ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро кафолат дода, дар моддаи 34 муқаррар намудааст, ки «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд». Тоҷикистони соҳибистиқлол Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонида, омодагии худро баҳри таъмини шароити арзанда барои ҳаёти кӯдакон исбот намуд. Дар давоми 25 соли ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин санади бонуфузи байналмилалӣ ҷумҳурӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар ин муддат ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои худ тибқи санади мазкур пайваста ба Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ маърӯзаҳои миллӣ пешниҳод намуда, вобаста ба пешрафти ҳуқуқи кӯдак ва татбиқи тавсияҳои Кумита Нақшаҳои амалро таҳия ва амалӣ менамояд.
Бояд гуфт, ки дар зеҳни кӯдак тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори манфию мусбати волидайн инъикоси худро меёбанд. Маҳз ба хотири аз таълиму тарбияи дуруст бархӯрдор будани ноболиғону наврасон ва аз ҳисси баланди масъулиятшиносӣ баҳраманд гардидани волидайн Ҳукумати мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд.
Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам баланд бардоштан ва пурзўр намудани масъулияти волидайн дар раванди таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 зимни суханронии худ дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуфта буданд, ки «ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон равиши тарбиявии суннатие аст, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфтаанд. Бо ин равиш намешавад фарзандро барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав тарбия кард. Дар ин маврид дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем».
Ба ин хотир тарбияи кӯдакро бояд бо назардошти табиати ӯ ва муҳит анҷом дод. Аз ин рӯ, мақсади тарбия рушду инкишоф додани зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад. Тавре шоири барҷаста Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:
Чу фармонпазиранда бошад писар,
Навозанда бояд, ки бошад падар.
Хотиррасон мешавем, ки соли 1949 намояндагони конгресси занон, ки дар Париж мегузашт, аз ҳама мардуми олам даъват ба амал оварданд, ки барои сулҳ мубориза баранд, зеро танҳо сулҳ метавонад ҳаёти хушбахтонаи кӯдаконро муҳайё созад. Ба ин тариқ, Рӯзи байналмилалии кӯдакон таъсис ёфт, ки аввалин идаш 1 июни соли 1950 барпо гардид ва он то имрӯз ҷашн гирифта мешавад.
Соли 1959 аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Изҳороти ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, аз ҷониби кишварҳои зиёд эътироф гардид. Баъдан, соли 1989 ин ташкилот Созишномаи ҳуқуқи кӯдакро тасдиқ кард, ки вазифа ва уҳдадориҳои ҳама давлатҳоро нисбат ба шаҳрвандони ноболиғашон муайян намуд. Дар ин ҳуҷҷат уҳдадориҳои калонсолон ва ҳуқуқи кӯдакон сабт гардидаанд.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”