Кӯмаки «Рахш такси» ба ронандаи автобус
Ширкати «Рахш такси» (3333) ба ронандаи мошини мусофиркашони КВД «Автобус-1», хатсайри 33, Назар Назаров, ки якбора 7 мошини таксиро ба садама дучор карда буд, 315 ҳазор сомонӣ кумак намуд, ки дар натиҷа ронанда тавонист зарари дар натиҷаи садама расонидаашро пурра пардохт намояд.
Шоми дирӯз, 10 апрел шабакаи корбари фаъоли интернет Қурбон Неъматов дар Ютуб хабар дод, ки дар байни ҳамагӣ 2 рӯз мардум барои Назар Назаров, ронандаи автобус, ки якбора 7 мошини таксиро дучори садама карда буд, ба миқдоре маблағи хайриявӣ ҷамъ намуданд, ки ҳам барои тармими автобусу мошинҳои осебдида ва ҳам барои сохтани як хонаи нави дуқабата барояш кифоя мебошад.
Дар видеои пахшшуда дида мешавад, ки Қурбон Неъматов ва рафиқонаш шоми 10 апрел ба хонаи Назар Назаров омада, дарзаҳои пулро пеши онҳо гузоштанд ва гуфтанд, ин танҳо кумакест, ки аз мардум ҷамъ шудааст. Ҳамчунин ӯ гуфт, ки 315 ҳазор сомонӣ (қариб 25 ҳазор доллар) пулеро, ки Назар Назаров бояд барои тармими автобус ва мошинҳои осебдида пардохт мекард, ширкати «Рахш такси» (3333) пурра ба дӯши худ гирифтааст. «Мо ҳамроҳи акаи Назар меравем ва он пулҳоро як-як байни ронандагони таксиҳои осебдида тақсим мекунем», — мегӯяд дар навор Қурбон Неъматов. Ва дида мешавад, ки блогер бо ронандаи автобус рафта, маблағҳоро ба соҳибони мошинҳои зарардида месупоранд.
Тавре қаблан Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе иттилоъ дода буд, 2 апрели соли равон, тақрибан соати 13:35 дақиқа, ронандаи мошини мусофиркашони КВД «Автобус-1», хатсайри 33, шаҳрванд Назар Назаров, соли таваллудаш 01.01.1986, истиқоматкунандаи ноҳияи Варзоб ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакӣ, дар рӯ ба рӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошинҳои дар канори роҳ таваққуфкарда бархӯрдааст, ки дар натиҷа 7 адад мошини сабукрав ва худи автобуси мазкур зарари гуногуни техникӣ дидаанд.
Хушбахтона, дар натиҷаи ин садамаи нохуши нақлиётӣ ягон нафар осеб ва ё ҷароҳати ҷисмонӣ набардоштааст. Санҷиши ҳодисаи мазкур зери назорати бевоситаи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе қарор гирифта, сабабу омилҳои он муайян карда шуданд.
Ба иттилои Раёсат, ташхиси хуни ронанда дар мавриди мавҷуд будани машрубот ва маводи нашъаовар дар он натиҷаи манфӣ додааст.
Аз маълумоти шабакаҳои иҷтимоӣ бармеояд, ки дар ин кори хайру савоб инчунин тоҷикони тамоми гӯшаву канори олам ин амали хайрро пайгирӣ намуда, ба хонаводаи ин ронанда кумакҳои чашмрас намуда истодаанд, ки гувоҳ аз якдилӣ ва хайру накӯхоҳии миллати тоҷик аст.