Сарвари давлат дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби полезиро ба истифода доданд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хати оби полезӣ ва бунёди боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ»-ро ифтитоҳ карданд.

Боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии «Сомонӣ» дар масоҳати 13 гектар бо иқдоми муассиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Муассисаи корҳои механикакунонидашудаи Сомонӣ» Олимҷон Неъматзода бунёд шудааст.

Барои обёрии боғ, ки бо усули қатрагӣ пешбинӣ гардидааст, дар масофаи 800 метр қубурҳои қутрашон 75-миллиметра хобонда шудаанд.

Маълумот дода шуд, ки дар масоҳати 11 гектар ниҳоли бодом ва дар замини боқимонда ниҳоли зардолу, ки аз хоҷагиҳои ниҳолпарварии ватанӣ дастрас гардидааст, бо тавсияи мутахассисони соҳа шинонида шудааст.

Барои амалӣ шудани ин ташаббуси нек 250 ҳазор сомонӣ маблағ равона шуда, дар натиҷа 15 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.

Заминҳои минтақаи Рухаки деҳоти Ғозиён бо сабаби набудани оби полезӣ солҳои зиёд аз истифода берун монда буданд. Дар асоси ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои мавзеъи Рухак марҳила ба марҳила ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида истодаанд. Бино ба маълумоти Идораи замини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров заминҳои мавзеи Рухак 2351 гектарро ташкил медиҳанд.

Рушди боғу токпарварӣ дар мамлакат аз бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ ба шумор меравад. Бино ба маълумоти оморӣ, дар вилояти Суғд 4490 гектар боғи нав бунёд карда шудааст, ки ин нишондиҳанда 175 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра ба ҷойи 2046 гектар 4958 гектар боғҳои кӯҳна барқарор гардиданд.

Дар шароити кӯҳсори Тоҷикистон бунёди боғҳои нав дар талу теппаҳо ва заминҳои солҳо бекорхобида амри муҳиму зарурӣ дониста мешавад. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров майдони боғот 10 ҳазору 533 гектар буда, соли ҷорӣ дар масоҳати 268 гектар боғ бунёду барқарор карда шудааст.

Ҳамасола ҳосили боғот ҳам дар шакли тару тоза ва ҳам дар шакли хушккарда ба кишварҳои дуру наздик содирот карда мешавад. Соли 2021 аз вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷӣ 44 ҳазору 555 тонна хушкмева ба маблағи 16,2 миллион доллар содирот шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE