Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Си Ҷинпин

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин бо таманниёти сулҳ, некӯаҳволӣ, комёбиҳои нав ва шукуфоӣ Пешвои миллат ва тамоми сокинони Тоҷикистонро бо 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии кишвар самимона табрик намуд.

Зимни суҳбат сарони ду давлат ҷанбаҳои мухталифи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Тоҷикистон ва Чинро муҳокима намуданд. Дар ин замина, аз ҷумла масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва тавсеаи робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, инчунин таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният баррасӣ гардиданд. Натиҷаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои муҳими инфрасохтор бо қаноатмандӣ зикр карда шуданд.

Сарвари давлати мо ба ҷониби Чин барои сари вақт расонидани миқдори зарурии ваксинаҳои зиддивирусии истеҳсоли Чин ба Тоҷикистон дар доираи ҳамкории тарафҳо дар мубориза бар зидди пандемияи COVID-19 изҳори сипос намуданд.

Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин доир ба рушди вазъ дар минтақа дар заминаи шиддат ёфтани авзои низомию сиёсӣ дар Афғонистон табодули назар карданд. Ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории минбаъдаи зичро дар масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақавӣ таъкид карданд. Ҳангоми баррасии муносибатҳои бисёрҷониба ба раёсати кунунии Тоҷикистон дар СҲШ ва Саммити қарибулвуқӯи Созмон дар шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар ин зимн Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин нақши Пешвои миллатро ҳамчун яке аз муассисони СҲШ дар таъсис, рушду густариш ва таҳкими эътибори он ба таври хоса таъкид карда, баргузории бо муваффақияти Саммити ҷашнии онро таманно кард. “Шумо дар саргаҳи таъсис додани ин Созмон қарор доштед, саъю талошҳои бузургмиқёсро ҷиҳати рушду густариш ва таҳкими обрӯи он дар “Руҳияи Шанхай” ба харҷ додед”, вобаста ба ин изҳор дошт муҳтарам ҷаноби Си Ҷинпин.

Дар поёни суҳбат сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин мавқеи муштараки худро барои густариши ҳамаҷонибаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон ва Чин дар ҳама шаклҳо тасдиқ намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE