Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе пурра ба бинои собиқи МТС кӯчид

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  бо нашри як эълон  ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хабар додааст, ки аз ин ба баъд  ба кормандони шаҳрдорӣ бо суроғаи хиёбини Рӯдакӣ -40 (бинои собиқи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)  муроҷиат намоянд.

«Ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт расонида мешавад, ки кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки то ин муддат дар хиёбони Рӯдакӣ- 80 фаъолият доштанд, аз ин ба баъд фаъолияти кории худро дар хиёбони Рӯдакӣ — 40 идома медиҳанд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд, ҷиҳати баррасии мушкилот ва дигар талаботи шаҳрдорӣ ба суроғаи нави мақомот <… > муроҷиат намоянд», —   омадааст дар эълон.

Қаблан дар бинои мазкур Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло дар бинои собиқи Иттифоқи рассомон воқеъ дар хиёони Рӯдакӣ – 89), Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хиёбони Рӯдакӣ-42), Агентии миллии итиилоотии Тоҷикистон «Ховар» (ҳоло дар бинои КТН «Шарқи озод»,  хиёбони  Саъдии Шерозӣ — 16), Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло дар бинои собиқи Сарраёсати хазинадории Вазорати молия воқеъ дар кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо -3) ва  МД «Маркази исломшиносӣ» (ҳоло дар бинои Шӯрои уламои Тоҷикистон, кӯчаи Шодмонӣ — 58) фаъолият менамуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE