Даргузашти хайрхоҳтарин зан ва ҳамраиси ташкилоти “Бунёди эдхи”

Билкис Бано Эдҳӣ, тавонотарин шахси ду даҳаи аввали асри 21, ҳамсари инсонпарвар ва хайрхоҳи маъруф Абдул Саттор Эдҳӣ, рӯзи ҷумъа, пас аз бемории якмоҳа даргузашт.

Билкис Эдхиро дар Покистон модари беш аз 16 000 тифл мегуянд. Зеро ӯ ҷони ҳазорон кӯдаки беморро наҷот дода буд. Вай аз рӯи касб ҳамшираи шафқат буд, ки ҳамроҳи шавҳараш, хайрхоҳи маъруф Абдул Ситор Эдҳӣ ҳамеша ба кудакони бемор ва дигар афроди камбизоат кумак мекард.

Марҳум ҳамраиси Бунёди Эдхи буд. Бунёде, ки беморхона, хадамоти ёрии таъҷилӣ, ятимхонаҳоро идора мекунад ва барои дафни ҷасадҳои партофташуда хидмат мерасонад.

Билкис Эдҳӣ яке аз бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон дар “THE MUSLIM 500 – 2022” номида шуд ва инчунин бо Ҷоизаи хидмати ҷамъиятии Рамон Магсайсай дар соли 1986 ва Ёдбуди байналмилалии Модар Тереза сарфароз гардонида шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE