Президенти Туркия Исроилро аз “иғвоҳо” дар робита ба мақоми масҷиди Ал-Ақсо ҳушдор дод
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ҳамтои исроилии худ Исҳоқ Ҳерзог хостааст, ки аз “иғво ва таҳдидҳо” дар робита ба мақом ва маънавиёти масҷиди Ал-Ақсо дар Байтулмуқаддас худдорӣ кунад.
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, Президенти Туркия дар суҳбат бо Президенти Исроил аз ҳодисаҳое, ки дар соҳили ғарбӣ ва маҷмааи масҷиди Ал-Ақсои Байтулмуқаддас ба вуқӯъ пайвастаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки тайи чанд ҳафтаи охир танишҳо миёни исроилиён ва фаластиниҳо дар соҳили Ғарб ва Байтулмуқаддаси шарқӣ идома дорад.
Бар асари даргириҳои ахир дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ, умдатан дар маҷмааи масҷиди Ал-Ақсо ҳудуди 200 фаластинӣ захмӣ шудаанд.
Гуфтугӯи телефонии сарони давлатҳои Туркия ва Исроил дар ҳоле сурат гирифт, ки ин ду кишвар барои расидан ба оштӣ талош доранд.