ДТТ: Ғолибони озмун қадрдонӣ гардиданд

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик бо ибтикори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар мавзӯи «Рушд ва дурнамои илм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки зимни он ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» қадрдонӣ шуданд.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода зикр кард, ки баргузории ин гуна озмунҳои ҷумҳуриявӣ дастгирии ҷавонон ва қадрдонӣ аз хизмату заҳматҳои онҳо маҳсуб мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» аз соли 2016 инҷониб миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ баргузор мегардад.

Ба ғолибони озмун аз ҷониби Вазири маориф ва илм Р.Саидзода диплом ва туҳфаҳо тақдим гардиданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE