Дар ҳошияи Лоиҳаи «City Card»
21 июли соли 2017 бо иштироки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе омода сохтани низоми электронии пардохти роҳкиро дар нақлиёти мусофирбарии автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе оғоз гардид.
Ҷоринамоӣ, истифодабарӣ, хизматрасонӣ ва назорати низоми мазкур, яъне ҳамчун Лоиҳаи «City Card» (Корти шаҳрӣ) аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гуруҳ» дар асоси механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ татбиқ карда мешавад. Ҳадафи Лоиҳаи мазкур беҳсозии хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умум мебошад. Дар панч соле ки ин лоихаи амали мешавад дар харакати воситахои наклиёти чамъияти ва тарзи хизматрасони ба мсофирон бехбудии зиёд дида мешавад.
Шуруъ аз моҳи апрели соли равон бо ташаббуси Лоиҳаи “Корти шаҳрӣ” – и ҶДММ «Авесто Гуруҳ» озмуни “Сафари бурднок” идома дорад. Яъне, ҳар он нафар сокини пойтахт ва ё меҳмононе, ки аз корти нақлиётӣ истифода мебаранд, бевосита иштирокчии он ба ҳисоб рафта, дар рафти озмун ширкат доранд.
Мувофиқи гуфтаҳои Садриддин Зиёвуддинов, муовини роҳбари лоиҳаи “Корти шаҳрӣ” оид ба роҳандозии бозии «Сафари бурднок» дар воситаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе, дар ин самт ҳамкории эшон бо як қатор корхонаву ташкилот ва идораҳои маъмурии шаҳр тақвият дода мешавад. Аз ҷумла, барои ҳавасмандкунии иштирокчиёни бозии мазкур ва ҷалби бештари шаҳрвандон ба истифодаи кортҳои нақлиётӣ ҳамкории онҳо бо ширкати обҳои ташнашикани «Сиёма» назаррас аст.
Мақсади гузаронидани Озмуни “Сафари бурднок” ин қадр намудан ва ҳавасмандгардонии моддию маънавии истифодабарандагони кортҳои нақлиётӣ (мусофироне, ки ҳаққи роҳкироро тариқи ғайринақдӣ пардохт менамоянд), баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва бо ин васила ҷалб намудани мусофирон ва тақвият бахшидани раванди татбиқи Лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти автомобилии истифодаи умумии шаҳри Душанбе» арзёбӣ мегардад.
Имрӯз аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат, шаҳрдории пойтахт барои боз ҳам ободтару зебову пур аз гулу сабзаву майса гардонидани Душанбешаҳр тамоми чораҳои зарурӣ анҷом дода мешавад. Дар радифи дигар дастовардҳои пойтахт, истифода намудан аз воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва доштани маданияти баланди шаҳрвандӣ низ талаботи замони имрӯз аст.
Нигинаи ДАВРОНЗОД,
“Садои Душанбе”