Мулоқоти Расулзода бо Сайнбуян Амарсайхан

Имрӯз Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан мулоқот намуд.

Зимни мулоқот соҳаҳои тиҷорату иқтисод, маориф ва илм, фарҳанг, сайёҳӣ ва дигар бахшҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Зикр шуд, ки новобаста аз ҷой доштани натиҷаҳои неки ҳамкории дуҷониба то ҳол ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамгироии Тоҷикистону Муғулистон имконот пурра истифода нашудаанд ва амалӣ сохтани нақшаҳои нишонрасу ҷоннок намудани фаъолияти ниҳодҳои дахлдори ҳарду ҷониб ба манфиати кор аст.

Ёдовар мешавем, ки ҳамкории дипломатӣ байни ин ду кишвари дӯст аз 24 апрели соли 1992 ба роҳ монда шудааст. Айни замон ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи шаш санад, ки панҷтои он зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон моҳи марти соли 2009 ба имзо расонида шуда буданд, ба роҳ монда шудааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE