Сироҷиддин Муҳриддин ва Сергей Лебедев масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкориро дар доираи ИДМ баррасӣ карданд

Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Кумитаи иҷроия -Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев доир шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусоҳибон масъалаҳои рӯзмарраи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро дар доираи Иттиҳод баррасӣ карда, перомуни рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Котиби иҷроияи ИДМ ба роҳбари мақомоти корҳои хориҷӣ дар бораи рафти омодагиҳо ба ҷаласаи баҳории Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ маълумот дод.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE