Саъдӣ Каримзода дар ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии СҲШ иштирок намуд
24-25 июл таҳти раёсати Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 7-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳошияи ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои аъзо доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ ҷиҳати бартараф намудани монеаҳои мавҷуда миёни кишоварҳои СХШ сухан гуфта, тақвияти ҳамкории муштаракро вобаста ба афзоиши содироти маҳсулоти озуқаворӣ миёни мамлакатҳо, дастгирии ташаббусҳои давлатҳои аъзо доир ба масъалаҳои кишоварзӣ, инчунин пайгирӣ ва татбиқи саривақтии муқаррароти Созишнома миёни Ҳукуматҳои кишварҳои аъзои СҲШ саривақтӣ арзёбӣ намуданд.
Бо мақсади бунёд ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ бо такя ба татбиқи технологияи муосир ҷиҳати рушди илму инноватсия дар соҳаи кишоварзӣ дар ҳошияи ҷаласа аз ҷониби сарони ҳайатҳои иштироккунанда Консепсияи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи кишоварзии хушманд ва агроинноватсия қабул гардид.
Дар интиҳои ҷаласаи роҳбарони ҳайатҳо аз намоишгоҳи маҳсулоти меваю сабзавот таҳти унвони «Узбекистони офтобӣ» дидан намуда, ташкили чунин намоишгоҳҳоро барои муаррифии молу маҳсулот миёни кишварҳо муҳим арзёбӣ карданд.