Дар Душанбе мавсими интиқоли гармӣ оғоз шуд

Шурӯъ аз имрӯз, 12 октябр Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе  оғоз кард. Дар ин бора сардори маркази матбуоти ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозир Ёдгорӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар айни замон  502 иншоот ва биноҳои истиқоматӣ гармӣ гирифта истодаанд.

Имсол бинобар сабаби сард омадани ҳаво мавсими гармидиҳӣ нисбат ба соли гузашта 20 рӯз пеш оғоз ёфт.

Соли 2019 Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе-1 ва 2 ба интиқоли гармӣ ба бинову иншооти шаҳри Душанбе 28 октябр оғоз карда буд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE