Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварӣ ба истифода дода шуд
1 июн дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ корхонаи парандапарварии «Ҷумъабойи Мирзо» мавриди истифода қарор дода шуд, ки масоҳати умумии корхонаи мазкур 0,40 га буда, аз он дар 500 м2 бинои асосӣ ҷой дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Корхона бо ҳиммату иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Шукрулло Мирзозода бо маблағи беш аз 635 ҳазор сомонӣ бунёд шуда, барои парвариши 7 ҳазор сар мурғи гӯштдеҳ пешбинӣ гардидааст. Баробари бунёди ин корхона 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши муносиб таъмин шудаанд.
Раиси ноҳия Аъзам Ализода зимни ифтитоҳи корхона ба соҳибкор Шукрулло Мирзозода барои ташаббус ва иқдоми созандааш изҳори миннатдорӣ намуда, афзуд, ки «соҳибкорони бонангу номуси ноҳия дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бунёд намудани корхонаву фабрикаҳои парандапарварӣ аҳолии ноҳияро бо гӯшту маҳсулоти хушсифати паранда таъмин менамоянд».
Дар ноҳияи Мастчоҳ айни замон 10 корхонаи парандапарварӣ фаъолият доранд, ки дар 5 моҳи соли равон беш аз 260 тонна гӯшти мурғ ва 18 миллион дона тухм истеҳсол намудаанд.