«Сомон Эйр» парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе оғоз менамояд

Шурӯъ аз 6 июн 2 ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр»  парвозҳои мустақимро  дар масири Душанбе-Мюнхен-Душанбе оғоз мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» хабар медиҳад.

Парвозҳо ҳафтае як маротиба-  рӯзи душанбе сурат гирифта, вақти парвоз аз Душанбе соати 06:00 ва аз Мюнхенсоати 11:30 бо вақти маҳаллӣ тариқи ҳавопаймоҳои «Boeing 737-900» сурат мегирад.

Муштариён имкон доранд оид ба тарофаҳо ва шарту шароити ҳамлу нақл аз сомонаи ширкат- www.somonair.com  иттилои бештар пайдо намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE