Ҷасади як ҷавони 26-сола, ки рӯзи 10-уми июн ғарқ шуда буд, пайдо гашт
15 июни соли 2023 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди шаш рӯзи ҷустуҷӯ ҷасади як сокини 26-солаи пойтахти кишварро пайдо карданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
10 июни соли 2023 ин сокини 26-солаи шаҳри Душанбе дар 29 километрии роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб дар рӯди Варзоб уфтоду ғарқ шуд.
Наҷотдиҳандагон аз рӯзи аввал ба фаъолиятҳои ҷустуҷӯӣ оғоз карда буданд ва тӯли ин рӯзҳо ин ҷустуҷӯҳо идома доштанд.
Ҷасади ин ҷавон 5 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шуд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзи таслият ба пайвандони марҳум аз кулли сокинон хоҳиш мекнуад қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозиву шиноварӣ ҷиддан риоя намоянд.