Намояндагони беш аз 50-кишвари ҷаҳон аз шаҳри Ҳисор дидан карданд

Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё Порнчай Данвиватана ва беш аз 50 нафар иштирокчиёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки намояндагони кишварҳои Русия, Чин, Австралия, Афғонистон, Покистон, Италия, Урдун, Нидерландия, Швейтсария, Нигерия, Сингапур, Сенегал, Туркия, Тайланд, Фаронса, Уганда, Бразилия, Венгрия, Зеландияи Нав, Исроил, Корея ва Қирғизистон буданд, ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.

Меҳмононро дар регистони Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор раиси шаҳр Қосим Роҳбар истиқбол намуд.

Қосим Роҳбар ташрифи онҳоро ба шаҳри бостонии Ҳисор хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки «ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти бартараф кардани мушкилоти вобаста ба обу иқлим аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамаҷониба дастгирӣ меëбанд. Амалишавии пешниҳодҳои Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла баргузории даҳҳо чорабинии сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар доираи даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор дар шаҳри Душанбе дар баробари рушди минтақа ва кишварҳои ҷаҳон дӯстиву бародарии миллатҳоро қавӣ гардонида, баҳри расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар ва минтақа заминаи устувор мегузорад».

Сипас меҳмонон аз гӯшаҳои Қалъаи бостонии Ҳисор, дӯконҳои ҳунармандон, аз қабили атласу адрасбофӣ дидан карда, бо таърих ва ҳунарҳои мардумии дирӯзу имрӯзи тоҷикон шинос гардиданд.

Дар идома меҳмонон аз мавзеи сайёҳию истироҳатии Боғи зимистонаи «Шаршара» боздид намуда, ба таъриху фарҳанг, зебоии табиати шаҳри Ҳисор баҳои баланд доданд.

 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE