Танҳо дар як рӯз се садами марговар дар кишвар ба қайд гирифта шуд

Агар чӣ баҳри пешгири намудани фалоктҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби идораҳои назоратӣ корҳои зиёд бурда мешавад, вале вазъи ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ва қонуншикании ронандагону пиёдагардон ҳамоно нигаронкунанда боқи мондааст. Тибқи иттилои Раёсати БДА ҳафтаи сипаригашта дар роҳои ҷумҳури шаш (6) садами нақлиёти ба қайд гирифта шуда,шаш (6) нафар баҳалокат расидааст. Танҳо як рӯз (15.10.2020с),се (3) садами марговар дар кишвар ба қайд гирифта шудааст. Мутахасисон яке аз омили  садамаҳои автомобилиро ба  сатҳи пасти маданияти баъзе аз иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ  медонанд.  Аз тарафи дигар ғурури беасос, беэҳтиромӣ нисбат ба иштирокчиёни ҳаракат дар  роҳ, суръатафзои, истеъмоли машруботи спиртӣ барои ба вуҷуд омадани садамаҳои нақлиётӣ асос мешаванд. Тибқи пажӯҳиши Созмони байналмилаии тандурустӣ ҳамарӯза бар асари ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар  ҷаҳон зиёда аз 3000 нафар ба ҳалокат мерасанд. Коршиносон бо таваҷҷуҳ ба вазъи роҳу нақлиёт мегӯянд, ки агар чӣ теъдоди садамаҳо нисбат ба солҳои қабли коҳиш ёфтааст, вале шумораи қонунвайронкуниҳо аз ҷониби иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ дар ҳоли афзоиш аст.

 

Фирӯз Каримзода

«Садои Душанбе»

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE