Дар Вазорати корҳои дохилӣ Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон баррасӣ шуд

5 декабр дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҷаласаи аъзои Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли наврас якчанд санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, сохторҳои махсус таъсис дода шуданд.

Аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» пешниҳод шуд, ки 2 январи соли 2020 қабул гардид. Тибқи ин қонун, мақомоти низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар доираи ваколатҳои худ барои таъмини риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон аз ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқвайронкунӣ, азобу шиканҷа, зӯроварии руҳӣ ва ҷисмонӣ, муносибати бераҳмона, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва шаклҳои дигари истисмор ноболиғони дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордоштаро ҳимоя менамояд.

Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоҳангсози «Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024» маҳсуб шуда, дар назди вазорат гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои ин барнома корҳои муайяне анҷом дода, ҳамзамон иҷрои онро зери назорати доимӣ гирифтааст.

Таъкид гардид, ки мо набояд нисбат ба тақдиру ояндаи давлату миллат бепарвоӣ ва фориғболӣ зоҳир намоем, балки бояд завқу шавқ ва садоқати шаҳрвандии насли наврасро ба идомаи таҳсили босифат ва ҳаёти солим ҷалб созем.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE