Ҳамоиш бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҲҶТ

Дар толори Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ таҳти унвони “Забон ҳамчун омили Ваҳдати миллӣ” баргузор гардида истодааст. Конференсия таҳти роҳбарии мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Нурулло Оқилзода ва раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ Олимҷон Муҳаммадҷонзода сурат гирифта, дар кори он профессорону докторони илмҳои филологиву фалсафӣ, олимони ҷавон ва намояндагони ВАО иштирок доранд. Конфронс бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар оғоз шуда, аз ҷониби иштирокдорон маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, аз қабили “Фалсафаи ваҳдат ва адабиёти миллии тоҷик”, ” Забони миллӣ, манфиати миллӣ ва ваҳдати миллӣ – арзишҳои муҳими Истиқлоли давлатӣ ” ва ” Саҳми Пешвои миллат дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ ” шунида шуд. Дар назар аст, ки 10 маърӯзаи дигар аз ҷониби профессорону олимони соҳа садо дода, дар охир филми мустанади истеҳсоли “Тоҷикфилм” “Ваҳдати миллӣ” ба намоиш гузошта мешавад.
Самандарзода Парвина
WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE