Аввалин Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор гирифт
Имрӯз аввалин Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор дода шуд, иттилоъ дод сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Асомиддин Бобозода ба АМИТ «Ховар».
Зимни ифтитоҳи муассиса муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ иштирок намуданд.
Асомиддин Бобозода иброз намуд, ки Муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, имкони қабули 100 нафар кӯдакро дорад.
Ба гуфти номбурда, дар шаҳри Душанбе муассисаҳои хусусӣ барои кӯдакони болаёқат фаъолият мекунанд, аммо ин аввалин муассисаи буҷетӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки кӯдакистон дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шуда, дар он тамоми шароити мусоид барои кӯдакон муҳайё мебошад.