Алишер Тӯхтаев муваққатан сармураббии дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таъйин шуд

Мутахассиси тоҷик Алишер Тӯхтаев муваққатан сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таъйин шуд.

Бо қарори роҳбарияти дастаи пойтахт Алишер Тӯхтаев муваққатан вазифаи сармураббии дастаро ба уҳда гирифта, онро ба бозиҳои дарпешистода омода мекунад.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва мураббии соҳибном Виталий Левченко ҳамкории худро хотима бахшиданд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, баъд аз анҷоми муҳлати шартнома ҷонибҳо бо розигии тарафайн онро тамдид накарданд ва дастпарвари футболи Тоҷикистон тарки дастаи «Истиқлол» намуд.

Мавриди зикр аст, ки Виталий Левченко шуруъ аз соли 2020 сармураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе буд ва таҳти роҳбарии ӯ даста чемпиони Тоҷикистон, барандаи Ҷом ва Суперҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Ҳамзамон мавсими гузашта дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо Виталий Левченко дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё дар гурӯҳи худ мақоми аввалро ишғол намуда, ба даври 1/8 ниҳоӣ баромада буд. Баъд аз рафтани Виталий Левченко ҳамакнун дастаро иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ Алишер Тӯхтаев тамрин медиҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE