Рӯзи таҷлили Иди Қурбон эълон шуд
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ дар бораи муайян кардани рӯзи Иди саиди Қурбон қарор қабул кард.
Тавре ки дар сомонаи Маркази исломии ҷумҳурӣ хабар дода мешавад, раиси Шӯрои уламои Марказӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода зикр кард, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба шанбе 9-уми июл рост меояд.
Тибқи қарори Шғрои уламо, мувофиқи ҳисоби илмӣ Иди саиди Қурбон дар тамоми қаламрави Тоҷикистон рӯзи шанбе 9-уми июл таҷлил карда мешавад. Намози иди саиди Қурбон дар масоҷиди саросари кишвар соати 06:00 дақиқа муқаррар карда шудааст.
Мувофиқи меъёрҳои қонуни ҶТ “Дар бораи рӯзҳои ид”, агар санаи иди расмӣ, ки дар он рӯзи истироҳат эълон шудааст, ба рӯзҳои истироҳат – шанбе ё якшанбе рост ояд, рӯзи дигари корӣ ҳам рӯзи истироҳат мешавад. Ба ин тариқ, рӯзҳои 9, 10 ва 11-уми июл дар Тоҷикистон рӯзҳои истироҳатанд.
Бештар бихонед: t.me/asiaplustj