Медали биринҷии Шаббос Негматуллоев дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс

Варзишгари маъруфи тоҷик, иштирокчии Бозиҳои олимпии Токио-2020 Шаббос Негматуллоев дар аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс – «Ҷоми Элорда» дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон медали биринҷӣ гирифт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мусобиқа, ки дар он  варзишгарон аз 10 давлати ҷаҳон иштирок доранд, 30 июн шуруъ гардида, имрӯз, 5 июл ба анҷом мерасад.

Шаббос Негматуллоев дар вазни -80 кг дар муҳорибаи аввалаш намояндаи кишвари мизбон Баиржан Баигоншеков, дар чорякфинал варзишгари Куба Салгадо Брайан Леонро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз Танглатиан Аербекеи чинӣ шикаст хўрда, ҷои сеюмро ишғол кард.

Варзишгари дигарамон Хусравхон Раҳимов дар вазни 57 кг дар даври аввал аз варзишгари узбекистонӣ Дилшод Абдумуродов шикаст хўрд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE