Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Конфедератсияи Швейтсария мулоқот намуд
4 июл дар шаҳри Бад-Рагаз Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо Вазири молияи Конфедератсияи Швейтсария Ули Маурер мулоқот намуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ҷалби маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои нави афзалиятноки сармоягузорӣ муҳокима гардиданд.
Ҳамзамон дар доираи мулоқот маросими баимзорасонии Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария «Оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата нисбати андозҳо аз даромад ва сармоя» сурат гирифт.
Санади мазкурро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва аз ҷониби Конфедератсияи Швейтсария Вазири молия Ули Маурер ба имзо расониданд.