Соли 2025 дар дарёи Шоҳдара Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода мешавад

Новобаста аз сардиҳои шадиди то 30 дараҷа корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо суръати баланд идома доранд, ки ин бозгӯи азми қавӣ ва садоқати кормандон мебошад, иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои масъулин, сохтмони ин неругоҳ бо вусъат идома дошта, тамоми имконияти мавҷуда барои дар муҳлати муқарраршуда, яъне соли 2025 пурра ба истифода додани иншоот равона гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар айни замон дар неругоҳ мутобиқ ба меъёрҳои муосир идома ёфта, тибқи нақша неругоҳ дар муҳлати муайяншуда ба истифода дода мешавад.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» бо иқтидори 11 МВт дар дарёи Шоҳдара бунёд шуда, пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он иқтидори энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 дарсад афзоиш меёбад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE