То ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон 1000 мактаби нав месозанд
Дар назар аст, ки то ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат 1000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шаванд. Соли 2022 дар кишвар 302 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ навсозӣ мешаванд. Дар шаш моҳи соли равон 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода шуданд. Чунин иттилоъ дода шуд 19 июл зимни нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баён дошт, то 1 сентябри соли равон дар пойтахт 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба истифода дода мешаванд.
Дар айни замон дар қаламрави мамлакат 3940 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгор ба таълиму тарбия машғуланд.
Шумораи умумии муассисаҳои томактабӣ 696 адад буда, дар 6 моҳи соли 2022 10 муассисаи томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт, Бобоҷон Ғафуров ва Файзобод ба истифода дода шуданд.