Олимони Ҷопон нишон доданд, ки коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад

Олимони Ҷопон нишон доданд, ки дар сурати напӯшидани ниқоби тиббӣ, коронавирус чӣ гуна паҳн мешавад ва одамони солимро сироят мекунад

Тавре  Sputnik Тоҷикистон хабар медиҳад, ниқоби тиббӣ муассиртарин “силоҳ” барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад. Инро бори дигар олимони ҷопонӣ собит намуданд.

Онҳо зимни як таҳқиқот муайян намуданд, ки нафари мубтало бо коронавирус, дар сурати напӯшидани ниқоби тиббӣ чӣ гуна вирусро паҳн мекунад. Вирус аснои сӯҳбат кардан ва ё суруд хондану сулфидан, зуд ба атроф паҳн мешавад.

Чун паҳншавии ин вирус бо чашм ноайн аст, аз ин рӯ аксар одамон пӯшидани ниқоби тиббиро, роҳи ҳалли пешгирӣ аз ин дард намебинанд. Онҳо бехабар аз онанд, ки вирус дар сурати напӯшидани ниқоб, бо чӣ гуна суръат паҳн мешавад.

Бо мақсади ба таври равшан нишон додани шиддати паҳншавии COVID-19, олимони Ҷопон рӯ оварданд ба технологияҳои навин. Барои ин, муҳаққиқон ба имкониятҳои суперкомпютери Fugaku, ки намоиши ҳаракати зарраҳои вирусиро дар лаҳзаи сухан гуфтан, суруд хондан ва ё сулфа кардани одам нишон медиҳад, рӯ оварданд.

“Агар мо нишон диҳем, ки чӣ гуна вирус метавонад паҳн шавад ва онро бо тамоми ҷаҳон мубодила кунем, пас шояд одамон ҷиддияти таҳдидро мустақилона тасаввур кунанд ва аз нуқтаи назари илмӣ андешанд, ки чӣ гуна чораҳо пешгирикунандаро андешид”, – гуфт роҳбари гурӯҳи тадқиқотӣ, профессор Kobe University & RIKEN Макото Субокуро.

Гузашта аз ин, олимон риоя кардани фосилаи иҷтимоиро низ зарур медонанд. Ба изҳори онҳо, вирус аснои суҳбат ва сулфа кардан, дар сурати риоя кардани фосилаи иҷтимоӣ ба замин меафтад ва қобилияти аз замин боло шуданро надорад.

Sputnik Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE